Ҳафдаҳумин иҷлоси БРИКС бо шиори «Сулҳу амният ва ислоҳи ҳукмронии ҷаҳонӣ» аз рӯзи ҷумъа ба мизбонии Бразилия дар Рио-де-Жанейро оғоз шудааст ва рӯзи душанбе ба поён мерасад.
Ба гузориши Порс-Тудей, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки барои ширкат дар ҳафдаҳумин иҷлоси сарони БРИКС ба Бразилия сафар кардааст, дар ҳангоми вуруд ба маҳалли баргузории иҷлос мавриди истиқболи Лула да Силва, раисиҷумҳури Бразилия қарор гирифт.
Русия
Дар ҳошияи ин нишаст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард. Ироқчӣ дар ин дидор бо ишора ба табаоту осори мутараттиб бар таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико, бар азми Ҷумҳурии исломии Эрон барои дифои муқтадирона аз кишвар ва посухгӯ кардани мутаҷовизон таъкид кард. Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба зарбаи муҳлике, ки таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико ба усулу аҳдофи маншури Милали Муттаҳид, дипломатия ва режими манъи густариш ворид кард, бар масъулияти Шӯрои амнияти Созмони Милал ва ҳамаи давлатҳо барои амал ба вазоифи худ дар сиёнат аз сулҳу амнияти байналмилалӣ таъкид кард. Вазири умури хориҷаи Русия низ дар ин дидор бо ишора ба мавзеи ин кишвар дар маҳкум кардани ҳамалоти ғайриқонунии суратгирифта алайҳи Эрон, аз ҷумла алайҳи таъсисоти ҳастаии сулҳомез, бар аҳамияти иттихози тадобири лозим ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ташдиди таниш ва ноамнӣ дар минтақа таъкид ва омодагии Русияро барои мусоидат дар ин замина, аз ҷумла дар сатҳи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълом кард.
Ҳинд
Субраманём Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд низ дар ҳошияи иҷлоси сарони БРИКС бо Ироқчӣ дидор ва дар мавриди мавзӯоти мавриди алоқаи тарафайн гуфтугӯ кард. Дар ин дидор роҷеъ ба равобити дуҷонибаи Эрон - Ҳинд ва охирин таҳаввулоти минтақаи Ғарби Осиё мутаоқиби таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи Эрон баҳсу табодули назар шуд.
Бразилия
Муро Виейра, вазири умури хориҷаи Бразилия аз дигар мақомҳое буд, ки бо Сайид Аббоси Ироқчӣ дидору гуфтгӯ кард. Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ташаккур аз Бразилия ба хотири мизбонии ҳафдаҳумин иҷлоси сарони БРИКС, нақши ин созмон дар тақвияти чандҷонибагароӣ ва ҳокимияти қонун дар сатҳи байналмилалиро бисёр муҳим арзёбӣ ва бар аҳамияти истимрори ҳамкориҳои Эрон - Бразилия дар сатҳи дуҷониба ва низ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ таъкид кард. Вазири умури хориҷаи Бразилия низ дар ин дидор бо ёдоварии мавзеи қотеи ин кишвар дар маҳкумияти таҷовузи низомӣ алайҳи тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти миллии Эрон, ба вижа таъсисоти ҳастаии сулҳомез, масъулияти Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои сиёнат аз сулҳу амнияти байналмилалиро мавриди таъкид қарор дод.
Туркия
Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия низ дар ҳошияи иҷлоси сарони БРИКС бо вазири умури хориҷаи Эрон дидору гуфтугӯ кард. Дар ин дидор равобити дуҷонибаи Туркия - Эрон ва охирин таҳаввулоти минтақаи Ғарби Осиё мутаоқиби таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи Эрон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин дидор ҳамчунин зарурати иқдоми оҷил барои поён додан ба наслкушӣ дар Фаластини ишғолӣ ва муохизаву муҷозоти режими саҳюнистӣ ба хотири иртикоби ҷиноёти шанеъ мавриди таъкид қарор гирифт.
Мисру Чин
Нахуствазирони Миср ва Чин низ дар ҳошияи ин иҷлос, ба сурати ҷудогона бо Сайид Аббоси Ироқчӣ дидору гуфтугӯ карданд.
Your Comment